Знаки судьбы Прямой эфир Любимцы Ольга Орёл и решка
Все проекты!

панд

dilovar19812017-07-04 10:03:41

0 отметок(а) <<Нравится>>

___Агар чизеро бо гушҳоят нашунидӣ ва бо чашмонат надидӣ, ҳеҷгоҳ ба зеҳни кучак роҳ надеҳ ва бо даҳони калон эълон МАКУН
***
Гузашт имрузу аз рузам чи хосил?
Гузашт имрузу мондам боз гофил.
На дасти мондаеро баргирифтам,
Набикшодам гирехеро ба мушкил.
Чу шамъ месузам ин дам зери девор
Ки бигзашт умру мондам пой дар гил.
Шаберо руз кардам бо дили хун,
Ки хуршед боз омад субх ба манзил
Шумо дарёдилони зиндагони,
Манам лабташна хамчун санги сохил.
Мани девонаро таъна насозед,
Дилам суйи Худост хар лахза моил.
Гузашт имрузи умрам хам ба ботил,
Ки гаштам бахри калби хеш котил.

****
Нафаре, ки ба шумо аз сидк'и дил мехр дода аст,
Х'еч гох, фаромуш накунед, к'адрашро донед, чунки баъзеи дигар одамон ба дилатон озор доданашон мумкин,
Аммо мех'р додан аз дасти х'ама......х'ам

Зеботарин ҳадис дар мавриди салавот фиристодан ба ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи васаллам.. Рӯзе паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи васаллам бо асҳоби киром нишаста буданд, ки Ҷабрайили амин нозил шуд ва ба шакли аҷиб тарафи Паёбар алайҳи салом менигарист, ногаҳон Паёмбар сав пурсид: Ай Ҷабрайил чаро ин гуна ба ман нигоҳ мекуни? Ҳазрати Ҷабрайил фармуд: ай Паёмбари муаззами ислом, Аллоҳи мутаъол ба андозае ба ман қудрат ва тавон додааст ки агар бихоҳад оби тамоми баҳрҳои дунёро қатра қатра ҳисоб кунам метавонам.Агар бихоҳад тамоми дарахтони дунёро барг барг ҳисоб кунам метавонам. Аммо агар яке аз уммати ту бароят дуруд (салавот) бифиристад, ман савобашро ҳисоб карда наметавонам... (Саҳеҳи Бухорӣ)�АЛЛОҲУММА САЛИ ЪАЛЛО МУҲАММАД ВА ЪАЛО ОЛИ МУҲАММАД ВА САҲБИҲИ ВАСАЛЛАМ. Ин ҳадисро ба дигарон низ фиристед то ки ҳама ба Паёмбари Худо дуруд фиристанд.

панд

dilovar19812017-07-04 09:58:38

1 отметок(а) <<Нравится>>

Савол?бо вилка хурдан ҷоиз аст?
Ҷавоб!

Тариқи сунат будани хурдани таъом.
Аввал бояд дастҳоро шуем.
Сипас дар замин нишинед.
Маъа бисмиллаҳ.
Баъзеҳо бисмиллоҳи рахмани рахим мегуянд ин тавр нест фақул бисмиллаҳ.яъне фақад бисмиллаҳ гуфта шуруъ мекунед агар фаромӯш кардед ва дар байни таъом бахотир овардед бигуед ки бисмиллаҳ аз аввал то охир.
Таъомро гарм намехуред бояд муътадил бошад .
Паҳлузадан хурдан макруҳ аст. чорзону ё гирдзону менишинед.
Таъомро тоқ тоқ нахуред.
Дар як табақ ҷаъм хӯред чунки расулли акрам салаллоху алайхи ва саллам мегӯяд ки дар ҷаъм баракат аст ва бодаст бихуред.
То кафидан ё зурран нахуред.чунки расулли акрам салаллоху алайхи ва саллам мегӯяд ки.
(НАХНУ ҚАВМУН ЛО НААКУЛУ ХАТТА НАҶУЪА ВА ИЗА АКАЛНА ЛА НАШБАЪ)
яъне мо инсонҳо намехурем то инки гурусна намонем.ва агар хурдем то пурсери намехурем.яъне каме аз иштиҳо боқи монад даст аз таъом кашед.
Хатман ба дасти рост хӯред ва нушед.чунки расулли акрам салаллоху алайхи ва саллам мегӯяд ки. (ФАИЗА АКАЛА АХАДУКУМ ФАЛЯКУЛ БИЯМИНИҲИ ФАИННА ШАЙТОНА ЯАКУЛУ БИШИМОЛИҲИ)
(САХИХ МУСЛИМ).
ЯЪНЕ касе аз шумоён хурок хурад бо дасти рост хурад пас албата шайтон бо дасти чап мехурад.
Пас аз таъом чун об нӯшидед бо се нафас нишаста нушед.
Ва баъд аз таъом панҷаҳоро бо забон лесед сипас бишуед ва ва бигуед ки Алхамдулиллоҳи раббил ъаламин шукраллиннеъмаҳ сипас дуъой дастархонро хонед.
Бо қошуқ ва вилка ва корду сих бидуни бемориҳои сироят кунанда аз қабили хоришак ва ғайраҳо бе ъузр макруҳ аст.
Иштиҳой таъом

********
Пиразан назди Расулаллоҳ салаллоҳу алайҳи вассалам омада гуфт дар ҳаққи ман дуъо кун то ман ҳам вориди ҷаннат шавам.
Ҳазрат (с) гуфт:
Ҳеҷ пиронсол вориди ҷаннат намешавад.
Пиразан гирякунон баромада меравад аз наздаш ҳазрати Билол (р) мебарояд мепурсад :
-- Эй модар туро чи шуда чаро гиря мекунед?
Пиразан:
Назди расули Худо (с) чунин гуфтам чунон ҷавоб дод.
Ҳазрати Билол давон омада мепурсад:
Ё Расулаллоҳ (с) оё ба фалон пиразан чунин посух додаед?
Ҳазрати паёмбар (с) бо ишоратӣ сар тасдиқ намуда ва мегуяд :
Ё Билол ту ҳам бо ин сиёҳи вориди ҷаннат намешави.
Билол ҳам гирякунон берун мебарояд ва дар ин вақт ҳазрати Абубакри Сиддиқ (р) аз онҷо мегузарад ва мепурсад:
Ба шумо чи шуда чаро гиря доред магар ҳодисае рух дода?
Ҳазрати Билол (р) ончи гузашт ҳамаро гирякунон ба ҳазрати Абубакр (р) нақл мекунад.
Ҳазрати Абубакр (р) механдад ва мегуяд :
Эй модар ончи расулаллоҳ(с) гуфтааст рост мегуяд аммо бидон ки рӯзӣ қиёмат шумо на дар ҳолати пири балки ҷавон шуда вориди ҷаннат мешавед. Ва ту эй Билол на бо ин сиёҳи балки бо чеҳраи сафеди нуронӣ вориди ҷаннат мешави.
(Валлоҳу аъламу биссавоб.
Ин аз шунидаам.
Аллоҳ таъоло доност бар ростиаш.)
*******
Акика аз назари Ислом. Дини
мубини Ислом рукунхои
акикаро ба як низом ва чахорчубаи муаяне
даровардааст. Худованди мутаъол вакте
барои кассе фарзанде ато кунад, пас падару
модари у бояд барои фарзандаш тибки
дастуроте, ки дини мубини Ислом муаян
сохтааст, акика намоянд. Акика чуни наст,ки
агар зан писар таваллуд кунад, пас барои ин
писар ду гусфанд забх ва ё хайр карда
мешавад. Ва агар навзод духтар бошад, пас
барои у як гусфанд акика карда мешавад.
Акика, яъне таъми хурсандиест, ки барои
шукр ва сипоси Парвардигор анчом дода
мешавад. Расули Акрам (с.ъ.в.) фармудаанд:
«Хамрохи писар акика аст, аз чониби у хуне
намоед ва ё норохатии муи сарашро аз у дур
созед». Равоху Бухори, 5471, 5472, Суннани
Абудовуд, 2839, Суннани Тирмизи, 1515,
Сунннани ибни Моча, 3164. Тибки суннати
пайгамбар (с.ъ.в.) дар хангоми хафтрузаги, бояд
муи сари тифли навзод тарошида шавад ва
ба вазни он хайре карда шавад. Расули
Акрам (с.ъ.в.) фармуданд: «Кудак дар гарави
акикааш мебошад. Аз чониби у дар рузи
хафтумитаваллудаш забхе карда шавад ва
хамчунин номгузори карда шавад» Суннани
Абудовуд, 2837, 2838, Суннани Тирмизи, 1522,
Суннани Насои, 4231, Суннани ибни Моча,
3165. Агар бо сабаби камбудие натавонад, ки
дар рузи хафтум акика намояд, пас рузи
чахордахум ва ё рузи бисту якум метавонад,
ки акика намояд. Пас агар мушкилии
иктисодияш зиёд башад, метавонад, ки
баъди як мох пас акика намояд. Яъне дигар
рост омадани рузи хафтуми таваллуди кудак
шарт нест. Хамон хайвоне, ки баро курбони
кардан забх карда мешавад, пас барои акика
низ чунин хайвон бояд забх намуд.Ва он
хайвоне, ки барои курбони чоиз нест, пас
барои акика низ ин гуна хайвон чоиз нест,
яъне хукми харду баробар аст. Гушти забхи
акикаро метавонем хом хайр намоем. Агар
касе тавони акикаро дошта бошад, як
гусфанд акика намояд ва агар тавони онро
надошта бошад, пас акика накунад ва хеч
гунохе бар у нест, зеро акика дар ислом амри
мустахаб мебошад бо расидани маблаг карда
мешавад ва бо норасоии камбудии рузгор хеч
ишколе надорад. Акикаро набояд барои хама
вочиб донист, зеро акика дар хукму дар киёс
ба хач ва курбони кардан баробар аст.
Акикаро баяд дар дохили ахали хонавода
гузаронид, омадани хамаи мардум шарт нест.
Тирмизи дар шархи хадиси, 1514,
мефармояд: « Ривоят шудааст, ки Пайгамбар
(с.ъ.в.) аз чониби Хасан писари Али (р.ъ ) як
гусфанде акика кард» Ва баъзе ахли илм ба
хамин хадис амал мекунанд.

**********
<< Агар абрҳо намебуданд, лаззати хуршедро дарк намекардем.

кисахои исломи

dilovar19812017-05-30 10:02:11

0 отметок(а) <<Нравится>>

Сабабх,ое ки дуъо мекунем ва дуъоямон к,абул намегардад ..
1.Аллоҳ-ро мешиносем аммо бандагӣ намекунем ...
2.Қуръон-ро мехонем аммо амал намекунем ...
Дифоъ аз Пайомбар с.а.в мекунем аммо суннатҳояшро бо ҷо намеоварем
4.Неъматҳои Аллоҳи Мутаъолро истифода мебаред, аммо шукронаи Ӯро намекунем..
5.Даъвои душманӣ бар шайтон мекунем аммо фирефтай шайтон мешавем ..
6.Даъвои рафтан ба Ҷаннат мекунем аммо барои ӯ коре анҷом намедиҳем ..
7.Ҷаҳаннамро ҳаққ ва макони даҳшат медонем аммо аз ӯ намегузарем ..
8.Маргро ҳаққ мешуморем аммо омодагӣ намегирем....
9.Айби дигаронро мушох,ида мекунем аз айби худ фаромуш мекунем..
10 Бо кадом рох, ризк,амонро ба даст меорем ах,мият намедих,ем ...
Дуъо мекунем амо сабр намекунем ва бар шитоб рох, медих,еем ...
Дар дуъо ва ак,идаамон ва мустач,об шудани дуъоямон бовари намекунеем ..
Аз х,аром кардах,ои Худованд чашму нафссамонро нигох, доштан наметавоонем ..
Забонамонро аз суханх,о фах,шо ва палидих,о нигах, намедореем ...

Хазинаи маърифат •♥•
*

кисахои исломи

dilovar19812017-05-30 09:59:08

0 отметок(а) <<Нравится>>

Шайтон ки ронда гашт ба чуз як хато накард,
Худро барои саҷдаи одам ризо накард.
Шайтон ҳазор мартаба болост зи бенамоз,
Ун сачда бахри одаму ин бар Худо накард.

кисахои исломи

dilovar19812017-05-30 09:59:07

0 отметок(а) <<Нравится>>

Шайтон ки ронда гашт ба чуз як хато накард,
Худро барои саҷдаи одам ризо накард.
Шайтон ҳазор мартаба болост зи бенамоз,
Ун сачда бахри одаму ин бар Худо накард.

кисахои исломи

dilovar19812017-05-30 09:56:28

0 отметок(а) <<Нравится>>

Бисмиллаҳир Роҳманир Роҳим
بسم الله الرحمن الرحيم

кисахои исломи

dilovar19812017-05-30 09:52:39

0 отметок(а) <<Нравится>>

Худоё дар ин лаҳзаҳои мубораки моҳи шарифи Рамазон!
_ Ҳама беморонро шифо
_ Ҳама зиндониёнро раҳо
_ Ҳама занонро иффат
_ Ҳама қалбҳоро оромиш
_ Ҳама мушкилотро осони
_ Ҳама қарздоронро халоси
_ Ҳама роҳгумонро роҳе
_ Ҳама бечорагонро лутфе
_ Ҳама дардмандонро давое
_ Хама бекасонро панохе
_ Ҳама хонаҳоро сафое
_ Ҳама тавбаҳоро иҷобат
_ Ҳама ибодатҳоро мақбул бикун

Бираҳматика я арҳамар - роҳимин.

Омин

кисахои исломи

dilovar19812017-05-29 12:05:55

0 отметок(а) <<Нравится>>

Fαйδαт мαкγн
Ҳαзрати Мγҳαммαд (с) фαрмγдααнд: Кαсе, ки ғαйδαт мекγнαд, δα дαҳ γқγбат гирифтор мешαвαд:
-1. Хγдовαнд ӯро аз рαҳмαταш дγр месозαд.
-2. Мαлоикα αз вαй дγρ мешαвαнд.
-3. Аъмоли некαш δαρδод мерαвαд.
-4. Рӯҳи мγδорαки Пαύғαмδαр (с) αз ӯ озор меδинαд.
-5. Бα хγд хαшми Хγдоро мехαραд.
-6. Ҳαнгоми сαкαроти мαρг сαхтӣ меδинαд.
-7. Азоδи қαδр δα ӯ сαxτ мешαвαд.
-8. Вαқти мαрг αъмолαш дαρ мγқоδили ғαйδαт ивαз мешαвαд.
-9. Бα ғαύδαт кαрдαн худро δα ҷαҳαннαм нαздик месозσд.
-10. Бо ғαйδαт хγдро αз рαҳияти Хγдовαнд (δиҳишт) дγρ мегαрдонαд.
**
Моҳи Рамазонро ғанимат шумор!

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим. Бародарон ва хоҳарони мусалмон! Рамазони дигаре аз роҳ мерасад. Моҳе, ки ба хотири хусусиятҳои худ бар ҳамаи моҳҳои сол бартарӣ дорад. Моҳи руза аст, ки рамзи бандагӣ ва ихлос аст. Моҳи тақвост, ки роҳи саодат ва хушбахтӣ аст.

Моҳи сабру бурдборӣ дар ибодат ва тарки гуноҳ аст, ки ширинӣ ва лаззати имонро ба бор меоварад.

Моҳи тавба ва истиғфор аст, ки раҳмати бекарони илоҳиро бар бандагонаш кушода дошта, дарҳои бахшиш ва мағфиратро боз месозад.

Моҳи шабзиндадорӣ ва розу ниёз бо Худованд аст. Он замоне, ки бандаи гунаҳкор дар авҷи бандагӣ лаб ба эътироф мекушояд ва тавбаи худро эълом ва эҳсоси шармсорӣ ва талаби бахшиш менамояд.

Моҳи садақот ва хайр дар роҳи Худост, ҳар тавонманде метавонад бо сарфи молаш дар роҳи Худо нафси худашро пок созад ва аз неъматҳои Худованд барояш арзонӣ дошта, тушае барои охираташ намояд.

Моҳи ҷиҳод ва мубориза бо ҳар навъ душман ва бути дарунӣ ва берунӣ аст, ки ихлоси дин ва таслими андом дар боргоҳи ягонаи Худоро навид медиҳад.

Ниҳоятан моҳест, ки бо иди Фитр ва ё ҷашни шодии ибодати гуруснагӣ ва ташнагии рузаш ва шабзиндадории шабаш хотима меёбад ва он ҳузури мусалмонон дар масҷидҳои бузургест, ки даҳҳо, садҳо ва шояд ҳазорон мусалмони дигар шоҳиди ин ниёиши гуруҳӣ ва сипоси дастаҷамъӣ ба боргоҳи Худованд бошанд.

Зимни табрики ҳамагон аз омадани ин моҳи муборак барои ҳар яки мо зарур аст бо як барномарезии дуруст ба истиқболи он биравем, то битавонем Рамазонро беҳтар пос бидорем. Рузҳо ва ҳар лаҳзаҳои гаронбаҳои онро бештар қадр гузорем. Фурсати тиллоии ибодат дар онро ғанимат шуморем.

Се тавсияи муҳим:

1- Ихлос:

Ихлос ё ба ибораи дигар танҳо барои Худо анҷом додани ибодатро бояд хуб ба ёд дошта бошем. Худое накарда ибодатҳоямон ба хотири риё ва худнамоӣ ва касби шуҳрати дунё бар ҳадар наравад, ки Худои Бузург мефармояд: Дастур дода нашудаанд, магар ин, ки Худоро дар тамоми дин бо ихлос ибодат кунанд. Яъне тамоми ибодатҳо фақат барои Худо анҷом дода шаванд.

Худованд боз фармудааст: Агар ширк варзанд албатта он амалҳое, ки анҷом дода буданд ботил мешавад.

Пас нияти худро дар ин ибодати арзишманди исломӣ ҳамонанди ҳамаи ибодатҳо барои Худои Азза ва Ҷалла холис гардонед. Бошад, ки ба ризои Худованд ноил гашта, аз савоби бекарон баҳраманд гардед. Дар ҳадиси қудсии шариф омадааст: Ҳамаи амалҳои фарзанди Одам барои худи уст, магар руза, ки хоси ман аст ва ман подоши онро хоҳам дод.

2- Тавба:

Тавба, яъне эҳсоси пушаймонӣ аз гуноҳ ва даст кашидан аз он ва тасмими бознагаштан ба он аст. Пас бори дигар ин тавбаи ҳақиқии худро дар ин рузҳои муборак таҷдид кунем. Зеро ибодати ҳамроҳ бо гуноҳ лаззати бандагиро надорад. Аз ин сабаб соҳибаш зуд хаста ва малул мешавад ва наметавонад роҳи ибодатро идома диҳад. Он вақт аст, ки эҳсос мекунад, ки ибодаташ хушк ва беруҳ аст. Ҳоло он, ки худи у асбоби истифода аз ибодатро муҳайё накардааст. Асбоби истифода аз ибодат ин ҳамон сафои дил ва пок кардани он аз ҳар гуна меҳру алоқа ба гуноҳ аст.

Бояд ба ёд дошта бошем, ки ҳарчи гунаҳкор бошем боз ҳам дари раҳмати илоҳӣ боз аст. Ҳаргиз набояд ноумед шуд, ки ноумедӣ худ гуноҳи дигаре аст. Балки бояд ба ёд дошта бошем, ки Худованд тавбакунандагонро мепазирад ва онҳоро дуст медорад.

3- Истиқомат ва пойдорӣ дар дин.

Ба ёд дошта бошем, ки моҳи Рамазон ҳамагӣ аз 29 ё 30 руз бештар нест. Агар сипарӣ шуд, дигар фурсати он ҳама ибодат ва аҷру фазилат аз даст рафтааст. Чи хуб аст, ки аз аввалин рузи он худро барои иштирок дар тамоми ибодатҳои он омода кунем ва яқин дошта бошем, ки ҳаргиз аз анҷоми ибодате пушаймон нахоҳем шуд. Балки баракс эҳсос хоҳем кард, ки кош метавонистем бештару беҳтар анҷом диҳем. Худованд мефармояд: Ва касоне, ки дар роҳи мо ба ҷиҳод бархостанд албатта ононро ба роҳамон ҳидояташон хоҳем кард ва ба ростӣ, ки Худованд бо некукорон аст.

Хулоса, бародарону хоҳарони азиз! Биёед ин моҳи муборакро ғанимат шуморем. Рузҳои онро бо рузадорӣ ва шабҳояшро бо қиёму шабзиндадорӣ сипарӣ кунем. Натанҳо шикамро гурусна ва ташна нигаҳ дорем, балки забонро аз гуфтани суханҳои фаҳшу фуҷур, мисли дуруғу ғайбат ва чашмонамонро аз назар кардан ба ончи набояд назар кунем, рузадор нигаҳ дорем. Шабҳояшро на ба тамошои сериалҳову суҳбати дустона зинда нигаҳ дорем, балки бо намозу қироати Қуръон зиндадорӣ кунем.
****
Рузе ҳакиме назди шоҳ ворид шуд.
Шоҳ гуфт: ба ман панде биомуз?
Ҳаким гуфт: Агар дар биёбоне
мерави ва онҷо аз ташнаги
назидки ҳалок шудан мешави ва
обе барои рафъи ташнагиат
надори, чи медиҳи, ки ба ту як
пиёла об диҳанд? Гуфт: Сад тангаи
тилло. Ҳаким гуфт: Агар соҳиби он
об бо пул ризоият надиҳад, пас чи
медиҳи? Гуфт: Нисфи
мамлакатамро. Агар обро нушидию
ба маризии сахте мубтало шуди, ва
натавони онро рафъ куни, чи
медиҳи то касе он маризиро
табобат кунад? Гуфт: Нисфи дигари
мамлакатамро. Ҳаким гуфт: Пас
мағрури ин подшоҳият набош, ки
қиммати он як пиёла обе беш нест.
Оё намеарзад, ки бо халқи Худо
накуи куни?

**
БАРНОМАИ АМАЛ БАРОИ МОХИ РАМАЗОН
1. Фуру нишондани газаб .
2. Гайбат накардан.
3. Сабр кардан.
4. Амри маъруф кардан.
5. Ифтор додан.
6. Садака кардан.
7.Намози таровех хондан.
8. Намозро дар аввали вакт хондан.
9. Намози тахаччуд хондан.
10. Тиловати Куръон кардан.
11. Дуо кардан дар хакки хвмаи мусулмонон.
12 . Намози Зухо , 4 ракат хондан.
13 . Истигфор , акаллан 3500 маротиба, салавот 1000 маротиба гуфтан.
14. Азкори субху шомро анчом додан.
15. Дуои "Аллохума иннака афвувун каримун тухиббу ал ъафва фаъфуани " 100 бор хондан.
16. Дуои "Аллохума инни ъасалукал чаннах ва ъаузу бика минан нар" -ро субху шом хондан.
17. Ба аёдати бемор рафтан.
18.Ба ятимон таваччух кардан.
19. Сачдахои тулони кардан.
20. Мурокиби забон будан, чашмону гушхоро аз манъкардахо бастан.
21. Сифатхои бехтарини ахлокро дар худ эчод кардан.
22. Намози аввабин хондан.
23. Тавба кардан.
24.Охиратро бисёр ёд кардан.
25. Хадя кардан.
26. Бо кахрихо ошти кардан.
27. Бо хамагон муносибати бехтарин кардан.
28. Адабиёти исломиро мутолиа кардан.
29. Таълим додани аъзоёни хонавода.
30. Дилёб ва шудан, афву гузашт кардан ва бахшиш пурсидан.
**

ПАНДИ РӮЗ
Дарахтон бисёранд, аммо на ҳамаашон мевадоранд, меваҳо зиёданд, аммо на ҳамашон ширин, илм ҳам зиёд аст, аммо на ҳамааш муфид.
Шахсе, ки илмро наменависад, олим ҳисоб намеёбад.шахси беилм дар дунёву охират қадр надорад.
Шахсе, ки илмро ҷамъ мекунаду ба дигарон намедиҳад, мисли дарахтест дар биёбон.
Хондан рӯҳро воло мекунад.
Шахсе, ки ба илмаш амал намекунад, мисли ҳайвонест, ки бар ӯ китоб бор кардаанд.
Нодонеро, ки нодонияшро медонад, таълим бояд дод ва аз нодоне, ки худро доно меҳисобад, дур бояд шуд.
Зарфи обгириро хоҳ дар чоҳ андозию хоҳ дар баҳр ба қадри ғунҷоишаш об мегирӣ.
Мисли парранда париданро, мисли моҳӣ шино карданро омӯхтаем, аммо афсӯс, ки санъати бузургеро аз даст додаем ва он санъати инсонвор зиндагӣ кардан аст.
Дониш мисли нур аст, онро истифода барӣ равшантар мешавад.
Инсоне, ки бо илм зинда мешавад, намемирад.
**
Вақте парранда зинда аст, мурчаҳоро мехурад, аммо вақте мемирад мурчаҳои дигар худи ӯро мехуранд.
Аз як дарахт миллионҳо донаи гугирд омода месозанд, вале барои сӯзондаи миллионҳо дарахт як донаи гугирд кифоят аст.
Пас:
Ҳаёт якранг нест ва ҳар лаҳза ҳар кор шуданаш мумкин, ҳангоме тавон доред аз худ поинтарро ҳақир машуморед. Чун замоне хоҳад шуд, ки он поинтар зӯру тавон пайдо хоҳад кард ва он чӣ бо ӯ карда будед, бо Шумо онро анҷом медиҳад.
**


Падарчон ман мох'и шарифи Рамазонро бисёр ёд кардам, шумо дар ин бора чи фикр доред оё у низ моро ёд мекунад?

Падар гуфт: Бале писарам моро ёд мекунад бесаброна ба х'амин хотир х'ар сол 10- руз пеш аз вак'ти худ меояд.

кисахои исломи

dilovar19812017-05-29 11:50:13

0 отметок(а) <<Нравится>>

Ҳаёт аз марг пурсид:
- Барои чи инсонҳо маро дӯст медоранду туро чашми дидан надоранд?
Марг гуфт:
- Барои он ки ту зебои дуруғ ва ман бошам ҳақиқати талхам.
***
Фарзанде аз падари хеш суол кард:
–Барои чӣ хубтарин инсонҳо зуд мемиранд?
Падар гуфт:
–Агар ба гулзоре ворид гаштӣ,кадомин гулеро бармеканӣ?
Гуфт:
–Беҳтаринашро
**
1, Бар он чӣ, ки Худованд аз молу дунё ва мақому мартаба ба ту иноят
кардааст, қаноат кун.
2, Он чӣ дар даст дорӣ ботадбир сарф кун, то мӯҳтоҷи мардум нашавӣ.
3, Қадри худатро дар чашми дигарон беарзиш макун.
4. Аз дахолат кардан ба корҳои пучу бемаънӣ худдорӣ намо.
5. Дар корҳо нияти худро холис гардон ва дар ҳар сурат кӯшиш кун, ки ҳалол бихӯрӣ

***
Даст бар сӯрох бари аз заҳри мор андеша кун.
Пой дар гил мениҳи аз захми хор андеша кун.
Чун шиновар нести пой бар лаби дарё манеҳ.
Дар миёнаш ғарқ мони аз канор андеша кун.
Паша аз шаб зиндадори хуни мардум мехӯрад.
Зинҳор аз мардуми шаб зиндадор андеша кун.
Сири худ бо ёри худ ҳарчанд метвони нагу.
Ёрро ёри бувад аз ёри ёр андеша кун.
**
Саволу ҷавоб (Аввалинҳо).
Аввалин чизеро, ки Аллоҳ халқ кардааст,
чист?
Қалам.
Аввалин кофир кист?
шайтон.
Аввалин башар кист?
Одам (А.с.).
Аввалин қотил кист?
Қобил.
Аввалин мақтул кист?
Ҳобил.
Аввалин китоби осмонӣ, чӣ ном дорад?
Забур.
Аввалин Расул кист?
Нуҳ (А.с.).
Аввалин касе, ки бо қалам навиштааст,
кист?
Идрис (А.с.).
Аввалин касе, ки либоси пахтагин
пушидааст, кист?
Идрис (А.с.).
Аввалин касе, ки изор пушидааст, кист?
Иброҳим (А.с.).
Аввалин касе, ки муи сараш сафед
шудааст, кист?
Иброҳим (А.с.).
Аввалин касе, ки муи зери бағалро
гирифтааст, кист?
Иброҳим (А.с.).
Аввалин касе, ки хатна кардааст, кист?
Иброҳим (А.с.).
Аввалин касе, ки хатна намудааст, кист?
Иброҳим (А.с.).
Аввалин касе, ки истинҷо намудааст,
кист?
Иброҳим (А.с.).
Аввалин касе, ки нохун гирифтааст, кист?
Иброҳим (А.с.).
Аввалин касе, ки мисвок задааст, кист?
Иброҳим (А.с.).
Аввалин касе, ки меҳмоннавозӣ кардааст,
кист?
Иброҳим (А.с.).
Аввалин касе, ки Худованд ҳанифаш
номидааст, кист?
Иброҳим (А.с.).
Аввалин касе, ки масҷид бунёд кардааст,
кист?
Иброҳим (А.с.).
Аввалин касе, ки бутшинканӣ кардааст,
кист?
Иброҳим (А.с.).
Аввалин масҷид дар руи замин кадом
аст? Масҷидул-ҳаром.
Аввалин масҷиде, ки дар Мадинаи
Мунаввара бунёд шудааст, кадом аст?
Масҷиди Қубо.
Аввалин масҷиде, ки бар он муаззин
муқарар шуд, кадом аст?
Масҷиди Уммавӣ.
Аввалин қиблаи мусалмонон кадом аст?
Масҷидул-ақсо.
Аввалин касе, ки дини Ҳазрати Исмоил
(А.с.)-ро тағйир додааст, кист?
Амр ибни Луҳай.
Аввалин фитнаи Бани Исроил чист?
Зан.
Аввалин касе, ки дар гаҳвора сухан
кардааст, кист?
Исо (А.с.).
Аввалин касоне, ки ба Исо (А.с.) имон
овардаанд, киҳоянд?
Довариён.
Аввалин узви инсон, ки дар қабр буй
мегирад, кадом аст?
Шикам.
Аввалин чизе, ки рузи Қиёмат пурсида
мешавад, чист?
Намоз.
Аввалин чизе, ки рузи Қиёмат ҳукм карда
мешавад, чист?
Хун.
Аввалин аъзои бадан, ки шоҳидӣ
медиҳанд, кадомҳоянд?
Кафҳои даст ва ронҳо.
Аввалин касе, ки аз пули Сирот
мегузарад, кист?
Ҳазрати Муҳаммад (Саллаллоҳу ъалайҳи
ва саллам).
Аввалин ҳамсари Расулуллоҳ (Саллаллоҳу
ъалайҳи ва саллам), кист?
Хадиҷа (Р.а.).
Аввалин фарзанди Расулуллоҳ
(Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам), кист?
Қосим.
Аввалин зане, ки имон овард, кист?
Хадиҷа (Р.а.).
Аввалин навҷавоне, ки имон овард, кист?
Ҳазрати Алӣ (Р.а.).
Аввалин марде, ки имон овард, кист?
Ҳазрати Абубари Сиддиқ (Р.а.).
Аввалин ғуломе, ки имон овард, кист?
Ҳазрати Зайд (Р.а.).
**
Се чиз дар зиндагӣ ба инсон якбор дода
мешавад:
1. Волидайн.
2. Ҳусн.
3. Ҷавонӣ.
------------------------------
Се чиз ҳофизаро қавӣ мегардонад:
1. Рӯза.
2. Мисвок.
3. Тиловати Қур'он.
------------------------------
Се чизро кучак фикр макун:
1. Фарз.
2. Қарз.
3. Беморӣ.
------------------------------
Се чиз бародарро аз бародар ҷудо
месозад:
1. Зан.
2. Зар.
3. Замин.
------------------------------
Се чиз инсонро табоҳ мекунад:
1. Ҳасад.
2. Ҳирс.
3. Ғам.
------------------------------
Се чизро бояд афзоиш дод:
1. Ақл.
2. Ҳиммат.
3. Муҳаббат.
**

Насиҳатҳои Шайх Абдолӣ бар фарзандаш
1. Бе бисмиллоҳ хӯрок махӯр.
2. Агар сир дошта бошӣ ба касе магӯ.
3. Дар ҳолати ҷанобат хӯрок махӯр.
4. Либосатро дар баданат мадӯз.
5. Рафторе макун, ки сабаби бадном
шуданат гардад.
6. Бо бадон рафиқӣ макун, пӯшаймон
хоҳӣ шуд.
7. Доимо ҳадафҳо дошта бошӣ, бар
гузашта банд машав.
8. Фикри ҳаромиро макун.
9. Ба моли касе чашм мадӯз.
10. Дар маконе мол нагузошта бошӣ, даст
дароз макун.
11. Суханронии ду нафарро гӯш макун.
12. Ҳақи нону намакро пос дор.
13. Ба номаҳрам назар макун. Хиёнат
макун.
14. Бе даъват ба маконе марав. Агар
нафареро ҳамроҳӣ бикунӣ, пас нафари
бономусро ҳамроҳӣ бикун.
15. Суханҳои дар маҷлис бударо дар
ақлат нигоҳ дор.
16. Аз як хона ба хонаи дигар сухан
мабар.
17. Аз бадӣ кардан дур бош.
18. Боадаб бош.
19. Бо ҳама рафтори накӯ бикун.
20. Якрав ва бадсухан мабош.
21. Пеш- пеши бузургон роҳ марав.
22. Бузургонро эҳтиром бикун.
23. Доимо тоза бош.
24. Ба ҳаром ва чизҳои манъшуда наздик
машав.
25. Панҷ вақт намозро дар вактҳояш адо
бикун. Худатро бо илму фазилат машғул
бикун.
26. Имконҳои дар даст будаатро исроф
макун.
27. Боқаноат бош. Қаноат хазинаи
тамомнашаванда аст.
**

кисахои исломи

dilovar19812017-05-29 11:46:44

0 отметок(а) <<Нравится>>

Гул дар болои куза
Мардум бгирен руза
Намозу руза фоидааст
Дар ин дунёи ду руза

**

кисахои исломи

dilovar19812017-05-29 11:35:04

0 отметок(а) <<Нравится>>

Расули Худо фармуданд:
Худованд дар миёни мардумон дустоне дорад,гуфтанд:
Эй Расули Худо эшон чи касоне хастанд?Фармуданд:
"Онхо ахли Курьон хастанд;онон дустони Худо ва бандагони вижаи уянд" (Сунани Дорими,ибни Моча,муснади Ахмад)

Паёмбар (с) фармуданд Курьонро тиловат кунед,зеро дар рузи Киёмат омада ва барои ёронаш шафоат мекунад.(Муслим)
Паёмбар (с) фармуданд:гибта (хасад) чуз дар ду чиз чоиз нест,марде,ки Худованд Курьонро ба у ато кардааст,пас у шаб ва руз ба хакки он киём мекунад ва марде,ки Худо ба у моле дода ва у шаб ва руз онро инфок (садака ) мекунад.(Муттафакуналайх

**

Паёмбар с.а.в ба суи сахобахо гуфтанд: Рузи
киёмат ман дар назди хавзи оби кавсар шумо
умматонамро интизор мешавам. Баьд шумо
меоед. Ман худам бо косаи тиллоги ба шумо
аз оби хавзи Кавсар об менушонам. Баьд
умматои охири замон меоянд, ман онхоро
дида косаи тиллогиро мепартоям. Сахобагон
хама хайрон шуданд ва пурсиданд: Эй
фиристодаи Худо! Чаро умматои охир замонро
дида косаро мепартоед? Ба онхо об
намедихед? Паёмбар с.а.в гуфтанд: Чаро не?
Албатта об медихам. Косаи тиллогиро
партофта ба онхо бо дастони худам об
менушонам.Субханаллох. Хаму умматхои
охирзамон мо хастем. Бародарон апаву
хохарон пас биёед харакат кунемки сазовори
хамин бошем. Намозхояморо дар вакташ хонем Аз гайбат, аз хакорат, аз
фиребгари, аз хамаи гуноххо пархез кунем.
Худованд хамаи моро сазовори нушидани оби
кавсарро аз дастони мубораки паёмбарамон
насиб гардонад Омин .

*****

ҚИССА АЗ ҲАЁТИ
ҲАЗРАТИ УМАР ( Р)
Фасли тобистон буд, вакти
намоз наздик шуда истода буд.
хазрати Умар (Р.а.) оромона ба
суи масчид равон буд. Дар
хамин лахза писаракеро дид,
ки ба кучое шитоб дошт.
хазрати Умар (Р.а.) бо худ фикр
кард, бо кадом сабаб ин
писарбача инкадар шитоб
дошта бошад? хазрати Умар
(Р.а.) аз писарак пурсид:
Писарам, ту ба куч,о инкадар
шитоб дори? Писарак гуфт: Ба
масчид! хазрати Умар (Р.а.)
гуфт: Писарам холо ту хурд
хасти, намоз барои ту фарз
нагаштааст, барои чи шитоб
дори? Писарбача бо шармона
ба чашмони хазрати Умар (Р.а.)
нигаристу гуфт: Оё барои адои
намоз, хурду бузург будан
хатмист? Агар ман аз хурди
намозхониро аз худ накунам,
пас калон шавам шояд
намозхони ба ман душвор
гардад.ва дарахти мевадореро
дар канори рох нишон дода
гуфт. Ин дарахтро шумо бовар
доред хамаи мевахои он аз
авал то охир бе нуксон
пухтаанд. Хазрати Умар ба
чавоби он дар хайрат монда
давомашро гуш кард то
фахмад чи максад дорад.
писарак гуфт: Албатта,ки
мевахои он хамааш пухта
намераса

**

Расули Худо фармуданд:
Худованд дар миёни мардумон дустоне дорад,гуфтанд:
Эй Расули Худо эшон чи касоне хастанд?Фармуданд:
"Онхо ахли Курьон хастанд;онон дустони Худо ва бандагони вижаи уянд" (Сунани Дорими,ибни Моча,муснади Ахмад)

Паёмбар (с) фармуданд Курьонро тиловат кунед,зеро дар рузи Киёмат омада ва барои ёронаш шафоат мекунад.(Муслим)
Паёмбар (с) фармуданд:гибта (хасад) чуз дар ду чиз чоиз нест,марде,ки Худованд Курьонро ба у ато кардааст,пас у шаб ва руз ба хакки он киём мекунад ва марде,ки Худо ба у моле дода ва у шаб ва руз онро инфок (садака ) мекунад.(Муттафакуналайх )

****

Мухаммадикболи Садриддин Дунё аз се рӯз иборат аст:
Дирӯз: Дар он зиндагони
намудем ва дигар бар
намегардад. Имрӯз:Зиндагони
мекунем вале идома ёбанда
нест. Фардо: Намедонем,ки дар
куҷо сукунат менамоем.Пас
салом кун ,бубахш ва бигузор
халқро бар Холиқашон.Пас ман
ва ту ва онҳо ва ҳамаи мо ( аз
ин дунё) риҳлат кунанда
ҳастем...Пас аз таҳти дилат
бубахш онеро,ки ба ту бади
кард!

****

Рахмате, ки Худо бар мардум бикушояд, касе натавонад, ки бозаш дорад.
(Сураи Фотир, ояти 2)
***
Яке аз беҳтарин амалҳо дар моҳи Рамазон ифтор додан аст. Мунтазири зангҳои телефониатон шумохон ҳастем.

**
Моҳи Рамазон чи хуш муборак моҳ аст,
Сар то қадамаш хатми Каломуллоҳ аст.
Ҳар кас, ки ба тоъаташ камар баст имруз,
Фардо ба шафоъаташ Расулуллоҳ (с.а.с) аст

**
Эй Худоё,қудратат ҳар гаҳ аёнам мекунӣ.
Меҳри худро то абад дар ҷисму ҷонам мекунӣ.
Рӯзаи моҳи шарифат додаӣ шодам аз он.
Файзи ин моҳи мунират бар ҷаҳонам мекунӣ.
Рӯзадориҳо бароям ифтихор асту шараф.
Бандаи дилбастаам бар ҳақ равонам мекунӣ.
Ҳар баду неки ҷаҳонро дидаам ман борҳо.
Дар миёни неку бадҳо имтиҳонам мекунӣ.
Эй аҷаб,моҳи мунират баҳри мо бошад азиз.
Ҳар шаби ифтор доим меҳмонам мекунӣ.
Рӯзадорӣ фарз гуфто Мусҳафат бар бандагон.
Доштам рӯза ҳамоно шодмонам мекунӣ.
Шукри Оллоҳ рӯзадориро намудам пешае.
Қуввате дода ба ҷисмам дар амонам мекунӣ.

**

21) عَنْ ابْنِ عَبَاسٍ –رضي الله عنه- قَالَ: قَالَ رَسُوْلُ اللهِ –صلى الله عليه و سلم- كَانَ إذَا أفْطَرَ قَالَ  الَلهُمَّ لّكَ صُمْتُ وَعَلَى رِزْقِكَ أفْطَرْتُ فَتَقَبَلْ مِنِّي إنَكَ أنْتَ السَّمِيْعُ الْعَلِيْمُ .

رواه طبراني

Аз Абдуллоҳ ибни Аббос (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) вақте ифтор мекард, чунин мегуфт: «Парвардигоро, барои Ту рўза гирифтам ва аз ризқи додаат, ифтор намудам ва аз Ман онро қабул намо, ба дурустӣ ки Ту шунаво ва доноӣ».

(Ривояти Табаронӣ)
**
Рузадорон эй хушо бар холатон,
Аршиён дар хасрати икболатон.
Руза таклифе барои анбиёст,
Дар киёси бандаги ин фахри мост.
Шаьни хар уммат набошад,ин маком,
Муслимин пас бар шумо бошад Салом.
Саф ба саф ояд малоик суятон,
То ки лаззатхо баранд аз буятон
**
Худоё дар ин лаҳзаҳои мубораки моҳи шарифи Рамазон!
_ Ҳама беморонро шифо
_ Ҳама зиндониёнро раҳо
_ Ҳама занонро иффат
_ Ҳама қалбҳоро оромиш
_ Ҳама мушкилотро осони
_ Ҳама қарздоронро халоси
_ Ҳама роҳгумонро роҳе
_ Ҳама бечорагонро лутфе
_ Ҳама дардмандонро давое
_ Хама бекасонро панохе
_ Ҳама хонаҳоро сафое
_ Ҳама тавбаҳоро иҷобат
_ Ҳама ибодатҳоро мақбул бикун

Бираҳматика я арҳамар - роҳимин.

Омин

кисахои исломи

dilovar19812017-05-29 11:30:38

1 отметок(а) <<Нравится>>

**
Си барги хазон обшори Рамазон,
Си рӯз ба таровеҳу талаб ҷумла ҷаҳон.
Шайтони лаъин баста ба занҷиру сукут,
Бар гӯши фалак фақат садо валҷабарут.
**
Эй ҷавони покдоман он чи гуям гуш кун, Нафси худ хомуш куну ин ҳадисро гуш кун. Гар ту дори нияте рафтан ба суи як зане, Ё ба суи хоҳаре ё бар канори духтаре, Дон, ки дигарҳо раванд ҳатман ба суи ҳамсарат, Ҳам ба суи хоҳарат, ҳам канори духтарат.
*
Зи ёди хак машав гофил, агар хуше ба сар дори,
Бубин, то манзили укбо чи рохи пурхатар дори.
Нафасро сарфи тоат кун, бигу авроди субхони,
Ба зикри Хак шуди моил, хузури бахру бар дори.
***
(angrymark)(angrymark) Молу зари ин дунё вафоят накунад, Аз дасти аҷал туро рахоят накунад. Рузе ки аҷал гирад гиребони туро, Сад дорую дармон давоят накунад.(angrymark)(angrymark)(angrymark)
**

кисахои исломи

dilovar19812017-05-29 11:30:38

0 отметок(а) <<Нравится>>

**
Си барги хазон обшори Рамазон,
Си рӯз ба таровеҳу талаб ҷумла ҷаҳон.
Шайтони лаъин баста ба занҷиру сукут,
Бар гӯши фалак фақат садо валҷабарут.
**
Эй ҷавони покдоман он чи гуям гуш кун, Нафси худ хомуш куну ин ҳадисро гуш кун. Гар ту дори нияте рафтан ба суи як зане, Ё ба суи хоҳаре ё бар канори духтаре, Дон, ки дигарҳо раванд ҳатман ба суи ҳамсарат, Ҳам ба суи хоҳарат, ҳам канори духтарат.
*
Зи ёди хак машав гофил, агар хуше ба сар дори,
Бубин, то манзили укбо чи рохи пурхатар дори.
Нафасро сарфи тоат кун, бигу авроди субхони,
Ба зикри Хак шуди моил, хузури бахру бар дори.
***
(angrymark)(angrymark) Молу зари ин дунё вафоят накунад, Аз дасти аҷал туро рахоят накунад. Рузе ки аҷал гирад гиребони туро, Сад дорую дармон давоят накунад.(angrymark)(angrymark)(angrymark)
**

насихат

dilovar19812017-05-29 11:21:40

0 отметок(а) <<Нравится>>

Асалому алайкум ва рахматуллохи ва баракотуху.
Ба шумо ва дар симои шумо ба ахлу оила, наздикон ва касоне, ки бароятон азизанд кудуми ин мохи бузургу бо баракат мохи Рахмат, Магфират ва мохи начот аз оташи Дузах, мохи нузули Куръон, мохе, ки дар ин мох рузест, ки бехтар аз хазор мохест ки дар он моххо ин руз набошад хулоса ба бехтарин моххо аз моххои Илохи табрику муборак бод гуфта бароятон аз даргохи Илохи Рахмон тамано ва орзуи инро дорам, ки Хидоят, Тавфик, Сабру кувват ато фармояд то ин мохи бузургро да хар кучо ки бошед бо рузадоштану ибодат кардан гузаронед. Инчунин орзуи онро дорам, ки хамаи мо ва шуморо аз чумлаи касоне гардонад, ки худ Аллохи Мутаъол дар Куръон сифат кардааст.
ألا ان أولیاء الله لا خوف علیهم ولا هم یحزنون
АЛО ИННА АВЛИЙОАЛЛОХИ ЛО ХАВФУН АЛАЙХИМ ВА ЛО ХУМ ЯХЗАНУН.
"Огох бошед, ки дустони Худо харгиз хеч тарсе ва хеч хасрату андухе дар дили онхо нест". Омин
***

Дӯстони азиз! Хондани намоз барои мӯъминон дар вақташ Фарз аст!

Вақтҳои намоз барои Пагоҳ: 28.05 Якшанбе(2 Рамазон)

Душанбе:
- Субхи содиқ(анҷоми саҳар-хурӣ) 03:14, Бомдод 03:14-04:55, Пешин 13:00-17:44, Аср 17:45-19:31 (19:32 то 19:51 вақти макруҳ), Шом(ифтор) 19:56-20:41, Хуфтан 21:26-03:14

Хучанд:
Саҳархӯрӣ то: 03:07
Ифтор аз: 19:49
Бомдод аз 03:07 то 04:48
Пешин аз 12:53 то 17:42
Аср аз 17:43 то 19:28
Даромадани офтоб,
хондани намоз
мумкин нест (макрӯҳ) аз 19:29 то 19:48
Шом аз 19:49 то 20:34
Хуфтан аз 21:19 то 03:06

ПАНЧАКЕНТ:
Саҳархӯрӣ то: 03:20
Бомдод аз 03:19 то 05:00
Пешин аз 13:05 то 17:54
Аср аз 17:55 то 19:40
Даромадани офтоб,
хондани намоз
мумкин нест (макрӯҳ) аз 19:41 то 20:00
Ифтор аз: 20:00
Шом аз 20:01 то 20:46
Хуфтан аз 21:31 то 03:18

Хоруг:
Саҳархӯрӣ то: 03:03
Бомдод аз 03:02 то 04:43
Пешин аз 12:48 то 17:37
Аср аз 17:38 то 19:23
Даромадани офтоб,
хондани намоз
мумкин нест (макрӯҳ) аз 19:24 то 19:43 ифтор аз:19:43
Шом аз 19:44 то 20:29
Хуфтан аз 21:14 то 03:01

Кургонтеппа:
Саҳархӯрӣ то: 03:18
Бомдод аз 03:18 то 04:59
Пешин аз 13:04 то 17:53
Аср аз 17:54 то 19:39
Даромадани офтоб,
хондани намоз
мумкин нест (макрӯҳ) аз 19:40 то 19:59 ифтор аз:20:00
Шом аз 20:00 то 20:45
Хуфтан аз 21:30 то 03:17

Кулоб:
Саҳархӯрӣ то: 03:09
Бомдод аз 03:09 то 04:50
Пешин аз 12:55 то 17:44
Аср аз 17:45 то 19:30
Даромадани офтоб,
хондани намоз
мумкин нест (макрӯҳ) аз 19:31 то 19:50 ифтор аз 19:51
Шом аз 19:51 то 20:36
Хуфтан аз 21:21 то 03:08

*****

Эй Худоё, қудратат ҳар гаҳ аёнам мекунӣ,
Меҳри худро то абад дар ҷисму ҷонам мекунӣ.
Рӯзаи моҳи шарифат додаӣ шодам аз он,
Файзи ин моҳи мунират бар ҷаҳонам мекунӣ.
Рӯзадориҳо бароям ифтихор асту шараф,
Бандаи дилбастаам бар ҳақ равонам мекунӣ.
Ҳар баду неки ҷаҳонро дидаам ман борҳо,
Дар миёни неку бадҳо имтиҳонам мекунӣ.
Эй аҷаб, моҳи мунират баҳри мо бошад азиз,
Ҳар шаби ифтор доим меҳмонам мекунӣ.
Рӯзадорӣ фарз гуфто Мусҳафат бар бандагон,
Доштам рӯза ҳамоно шодмонам мекунӣ.
Шукри Оллоҳ рӯзадориро намудам пешае,
Қуввате дода ба ҷисмам дар амонам мекунӣ.
Аъзамат ҳар дам риёзат мекашад аз баҳри ту,
Бар умеди он ки бар некӣ равонам мекунӣ.

насихат

dilovar19812017-05-24 10:37:43

0 отметок(а) <<Нравится>>

*****
Дар салом додан:
Баъзан аз мусалмонон имрӯз саломи исломиро, ки он: «Ассаламу алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳ», яъне бар шумо тани сиҳат ва раҳмату баракаи Аллоҳро пурсонам, тарк кардаанд ё онро нопурра масалан асомакум ё ассалом мегиранд, (дар кадом кишвар чӣ гуна қавм, миллату нажод, мусалмоне, ки зиндагӣ мекунад, саломи ҳамаи онҳо як аст: Ассаламу алайкум. Аммо ғайри мусалмонон барои ҳар яки онҳо саломи хоссу алоҳида мебошад). Пас шахси мусалмон набояд, ки ба хотири саломи бегонагон худро аз аҷру савобе, ки паёмбар ба 30 дараҷа хондаанд, худро маҳрум созад.

**********
Хадиси руз:

Аз Анас Ибни Молик ривоят аст ки Расулуллоҳ صل الله عليه وسلم ﷺ фармуданд : "Аз ҷумлаи нишонаҳои қиёмат ин аст ки ҷаҳл ва нодони фарогир хоҳад шуд ва илму дониш аз байн хоҳад рафт. Ва зино ва шароб нуши ошкор ва алани хоҳад гирифт".
(Бухори )

****
Шахсе аз Олиме пурсид : Барои хуб будан
кадом руз беҳтар аст ??? Олим фармуд : Як
руз қабл аз марг !!! Шахс ҳайрон шуду гуфт :
вале маргро ҳеҷ кас намедонад !!! Олим
фармуд : Ҳар рузи зиндагиро рузи охир фикр
кун ва хуб бош шояд фардое набошад.

***********
Эй чавони покдоман он чи гуям гуш кун,
Нафси худ хомуш куну ин хадисро гуш кун.
Гар ту дори нияте рафтан ба суи як зане,
Ё ба суи хохаре ё бар канори духтаре,
Дон,ки дигархо раванд хатман ба суи хамсарат,
Хам ба суи хохарат,хам бар канори духтарат.
Итакуллох(purple_heart)

*******
Чун ятимеро касе гирён кунад,
Молик андар дузахаш бирён кунад.
Чун шавад гирён ятиме ногаҳон,
Арши Ҳақ бар чунбиш ояд он замон.
Он ки хандонад ятими хастаро,
Боз cозад Ҷаннати дарбастаро.

************

панд

dilovar19812017-05-17 10:15:52

0 отметок(а) <<Нравится>>

Эй хохарам! Хушёр бош. Як духтари диндор бош. Хушкору хушгуфтор бош. Дилпоку дилбардор бош. Эй хохарам! Олуфтаи. Муятрококул бофтаи. Сатру хичобро бастаи. Мисли пари бишкуфтаи. Эй хохари бо нангу ор! Гиря макун ту зор-зор. Калбамро карди бекарор. Аз Хак талаб файзу барор. Эй хохарам! Бекинаи. Ту олами ганчинаи. Дар поки чун оинаи. Дар калбу чону синаи. Эй хохарам! Андеша кун. Аз бахри фардо туша кун. Таклиде аз Оиша кун. Рохи Худоро пеша кун. Эй хохарам! Чонам шави. Пайрав ба гуфторам шави. Берун марав ними шаби. Фардо пушаймон мешави.

**************
⏩ҚИССА;⏪ Ҳазрати Мусо дар биёбон мерафт.Ногоҳ як парандаи сафед омада дар китфи ҳазрати Мусо нишасту гуфт; Эй Мусо,эй пайғамбари Худо, маро аз ин уқобе ки аз паси ман сайд карда истодааст наҷот бидеҳ. Хостанд раҳми ҳазрати Мусоро санҷанд. Ҳазрати Мусо дар ҳол ин парандаи сафедро гирифту дар остинаш пинҳон кард. Ҳамин замон уқоб омаду гуфт; Эй Мусо ин сайди ман ҳаст, луқмаи ман ҳаст, вайро раҳо кун. Ҳазрати Мусо гуфт:-бисёр хуб мешавад, эй уқоб барои ту як гӯсфанд медиҳаму парандаи сафеде ки аз ман наҷот талаб карда аст,ҳаминро ба ту надиҳам. Уқоб гуфт;-не гӯшти гӯсфанд барои ман хуб нест. Ҳазрати Мусо гуфт, бисёр хуб мешавад , эй уқоб аз ҳамин рони гӯшти пои худ ба ту медиҳам,лекин раҳме бар ҳамин паранда бикун. Ҳамин замон паранда аз остини ҳазрати Мусо берун шуду гуфт- „Ман Чабраил ҳастам” Ва он уқобе ки буд гуфт-„Ман Микоил ҳастам.Омадем ки раҳми туро санҷем ва дидем, ки чи қадар раҳм доштаи". Аз ин хотир мусалмон бояд раҳм дошта бошад. Мусалмон бояд шафқат дошта бошад. Ҳамин мусалмон ҳаст. Мусалмон он аст, ки аз дасту забони ӯ касе озор наёбад.
❤️
Гирифтам ман к,алам ба бисмиллох,
Навишти аввалинам ло илох,о илаллох,
Барам ч,умла ба охир ё иншоллох,
Чу шеър пайдо шавад сад шукри Оллох
*******
Чаҳор чизро бо чаҳор чиз шустушу бикун
Чеҳраро бо ашк
Дилро бо хавфи Худо
Гуноҳро бо тавба
Забонро бо зикри Худо
**

панд

dilovar19812017-05-17 10:08:04

0 отметок(а) <<Нравится>>

Худотарсро ҳар ҷое роҳи наҷот ҳаст.
**
Падари Фотима (Р.а).
Падари Фотима (Р.а) муаллими мо ҳастанд.
Таълимоти он ҳазрат (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) дини мубини Ислом аст.
Дини Ислом ба манзалаи сипарест, ки пайравони худро аз тамоми бадиҳо ва ноадолатиҳо ҳифозат мекунад.
Дар атрофи худ танҳо хубиҳоро ҷамъ месозад ва мояи хайру баракат аст.
Пайравони ин динро хушбахтӣ ва подоши бузург интизор аст.
Танҳо баракати Муҳаммад (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) тавонист инсонҳоро ба қуллаҳои баланди хушбахтӣ ва пирӯзӣ расонад.
Барои нашри Ислом ва барои хушбахтии мову шумо ин марди бузург саломатӣ, молу сарват ва вақти пурқиммати худро дареғ надошта аст.
Ӯ барои наҷот додани инсонҳо чизе ки дошт, тақдим кард.
Ҳазрати Алӣ (Р.а) гуфт:
«Ман монанди Расули Акрам (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) ягон шахсеро надидаам ва нахоҳам дид.
Ӯ (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) ба мардум бисёр бо нармӣ сухан мегуфт ба ҳар бадиро ба некӣ ҷавоб медод.
Дӯсту душман, мусулмону кофир, хурду калон, умуман ҳама аз меҳрубонию раҳмдилии Расулуллоҳ (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) истифода мебурдаанд».
******
Илохо то хаёт доред, дар дини Худо бошед. Мухиби хонадони хазрати хак Мустафо бошед. Илохо гушато сомеъ шавад амри Илохиро. Кабули кавли пайгомбарро кунед, дар хар кучо бошед.
**
Муаллимае мегуяд: Як руз аз талабахои хурдсолам хохиш кардам, ки расми фасли бахорро кашанд. Тамоми талабагон гул, дарахт, дарё ва парранда кашиданд. Гайр аз як талабае, ки китоби Куръон кашид. Ман пурсидам: Барои чи ту китоби Куръон кашиди? Чавоби бегунохии у ба чашмони ман ашк овард. У гуфт: Куръон ин бахори калби ман аст. Инро модарам ба ман омухт. Дуо кунем, ки Худованд модарон, хамсарон ва хохарони моро монанди хамин модар мураббии ислом гардонад. омин!! ***
Аз худо таманои онро дорам ки дар дили хар як мусалмон ишки илохи нури рахмони ва илми курьонро хидоят фармояд ва хар гарибро ба ватан сихату саломат баргардонад духтаронро аз рохи хак берун нагардонад OMIN.
**

панд

dilovar19812017-05-17 09:57:48

0 отметок(а) <<Нравится>>

(clover)(clover)(clover) Эй дӯст бишав тоза, моҳи Рамазон омад,
Сар кун розу ниёза, моҳи Рамазон омад.
Бояд, ки дуо гуӣ, ҳам зикри Худо гуӣ,
Бо тоату бо руза, моҳи Рамазон омад…
***
Шаби 15-уми Шаъбонро ғанимат донед!
Имшаб (мувофиқ ба 12-уми майи 2017) ё фардо шаб аз шабҳое аст, ки Худо барои бандагонаш фурсати талаби раҳмат ва мағфират карданро ихтиёр кардааст.
Расули Худо (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) гуфтаанд:
«Вақте шаби байни моҳи Шаъбон мешавад, Аллоҳи Меҳрубон раҳматашро шомили бандаҳои муъминаш мекунад ва аз гуноҳон ва хатоҳояшон мегузарад, аммо аз хато ва гуноҳони бандагони мушрик ва касоне, ки байниҳам душманӣ ва адоват доранд, намегузард».
(Ривояти Аҳмад)
Аз ин сабаб бояд мову шумо пеш аз имшаб ба аъмоли худ диққат диҳем, оё дур аз ширк ҳастем ё на?
Оё дар диламон нисбати бародаре адоват дорем ё на?
Оё бо касе каҳрием ё на?
Оё аз гуноҳ кардан ифтихор мекунем ё на?
Агар амали ширке карда бошем, таҷдиди имон бикунеам.
Агар бо бародаре каҳр бошем, шаб ношуда бо у сулҳ кунем ва аз хатоҳои ҳам бигзарем.
Агар аз кардани гуноҳ шарм надошта бошем, пас худро ислоҳ карда, аз гуноҳ кардан тавба кунему даст бикашем.
Пас аз ин муҳосабаи худ, шаб, ки фаро расид, ин фурсати тиллоиро истифода бурда, як қисми шабро бо аҳлу оила ҷамъ шуда, амри маъруф кунем ва ё аз навор ба амри маъруфи олиме гуш диҳем.
Сипас як қисми дигари онро бо тиловати Қур'он ва Намози таҳаҷҷуд хондан гузаронем.
Дар охир пеш аз хоб ё пеш аз субҳ дамидан, даст бардошта дуъо кунем, аз Аллоҳ ва Холиқамон ҳар ҳоҷате дорем талаб карда, хайри дунё ва охиратро хоҳиш намоем.
Талаби бахшиш аз хатоҳо ва талаби баракат дар умр, саломати, мол, фарзандон ва касб бояд кард.
Расули Худо (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) гуфтаанд:
«Ҳаргоҳ бандае дасти ҳоҷат ба суйи Худо мебардорад ва аз У талабе мекунад, Аллоҳ он қадар меҳрубон аст, ки дуст намедорад бандашро ноумед кунад».
(Ривояти ибни Моҷа)
Ҳазрати Анас (Р.а.) гуфт:
Ҳаргоҳ асҳоби Расули Худо (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) ҳилоли моҳи Шаъбонро медиданд, ру ба тиловати Қур'он меоварданд, сарватмандонашон закотҳои молашонро ҷудо карда ба муҳтоҷон медоданд, (то дар расазон камбағалон низ осудахотир ва бениёз бошанд).
Ва вақте моҳи Рамазон фаро мерасид, ғусли тоза мекарданду моҳи муборакро бо ихлоси комил пешвоз мегирифтанд.
(Китоби Ал-ғуняҳ)
Яъне моҳи Шаъбон фурсатест барои омода кардани худ ба истқболи моҳи мубораки Рамазон.
Моҳест бояд назар ба ақидаи худ кунем, амалҳои худро ба ёд оварда, аз хатоҳоямон тавба кунем, то битавонем моҳи Рамазонро ба покӣ ва ихлоси комил руза дорему тоъати Аллоҳро ба ҷо орем.
Аз Аллоҳи Меҳрубон дуъо талаб мекунем, ки ба ҳаммаи мову шумо тавфиқи истифодаи хуб бурдани ин фурсатро ато намояд ва тоъату дуъоҳоямонро қабули даргоҳаш намуда, бо исхлоси комил руза доштани моҳи мубораки Рамазонро насибамон гардонад.
Амин.
**********
Бор илоҳо!
Ман аз азоби дӯзах ва аз азоби қабр ва аз фитнаҳои зиндагӣ ва марг ва аз фитнаи даҷҷол ба ту паноҳ мебарам.
Дилором бошад зани некхоҳ,
Валекин зани бад, Худоё паноҳ!
Ҳидояткунандаи ҳама бандагон Худо аст.
Ба номи Худои бахшояндаи Меҳрубон.
Бихон ба номи Парвардигори худ, ки офарид!
Одамиро аз хуни баста офарид.
Бихон!
Ва Парвардигори ту Бузургвораст аст!
Он, ки ба қалам илм омӯхт.
Одамиро он чи намедонист, омӯхт.
Ҳаққо, ки одамӣ ҳамоно аз ҳад дармегузарад,
вақте ки худро тавонгар мебинад.
Ба дурустӣ ки бозгашт ба сӯи Парвардигори ту аст.
Оё дидӣ шахсеро, ки манъ мекунад бандаро, чун намоз мегузорад,
Оё дидӣ, ки (чӣ мешуд), агар ба роҳи рост мебуд, ё ба парҳезгорӣ мефармуд?
Оё дидӣ, ки (чӣ мешуд), агар дурӯғ шуморад ва рӯгардон шавад?
Оё (ин рӯгардонанда) надонистааст, ки Худо мебинад?
Не, не, агар бознаистад, ӯро ба мӯи пешонӣ хоҳем кашид, ба он мӯи пешоние, ки дурӯғзани хатокор аст.
Пас, бояд ки аҳли маҷлиси худро бихонад.
Мо низ фариштагони азобро хоҳем хонд, (фармони) ӯро қабул макун ва саҷда бикун ва қурб(-и Худойро) биҷӯй!
(Сураи Ълақ)
***************************

панд

dilovar19812017-05-17 09:55:19

0 отметок(а) <<Нравится>>

Хушононеки Аллох ёрашоне, Бихамду Кулхуваллох корашоне. Хушононеки доим дар намозан, Бихишти човидон бозорашоне.

*Қиссаи "МУЙСАФЕД ВА ШАЙТОН"...
Муйсафеде дар деҳае ҳар руз барои
намози субҳ аз
хонааш ба масҷид мерафт. Дар як
рузи боронӣ
муйсафед барои намоз аз хона
берун шуд. Чанд
қадаме нарафта буд, ки дар роҳ
афтод ва ҳама
либосҳояш пур аз обу лой шуд, ба
хона бозгашт
либосашро иваз кард ва дубора
баргашт. Пас аз
масофае боз либосҳояш пур аз обу
лой шуд ва боз
ба хона баргашту либосшро иваз
карда боз аз хона
барои намоз хориҷ шуд ва дид ки
дар пеши дари
хона ҷавоне чароғ ба даст
истодааст, салом кард ва
равонаи масҷид шуданд. Ҳангоми
даромадани ба
масҷид дид, ки ҷавон дохил нашуд,
пурсид эй ҷавон
барои намоз дохили масҷид
намешавӣ? Ҷавон гуфт:
не ман шайтон ҳастам. Барои бори
аввал ки
бозгаштӣ, Худованд ба Фариштагон
гуфт: Тамоми
гуноҳони ӯро бахшидам. Бори
дуввум ки бозгаштӣ
Худованд ба Фариштагон гуфт:
Тамоми гуноҳони
аҳли хонаи ӯро бахшидам. Тарсидам
агар бори сеюм
бозгарди Худо ба Фариштагон
бигӯяд, тамоми
гуноҳони аҳли деҳаро бахшидам, ки
ман ин ҳама
талош барои гумроҳии онон доштам.
Барои ҳамин
омадам чароғ гирифтам то ба
саломат ба масҷид
саломат расонамат.

**************
Инсон ҳатман хонед...

Чунин ривоят омадааст, дар кисаи
пайгамбарон, ки Худованд ба
Сулаймон пайгомбар подшохи дод
чунон, ки дар хеч подшохе надода
буд. Касру кушку саройхояш хама
хишт аз симу зар буд. Дар фармонаш хам деву пари, хам одами хам бод ва
хам парандагон. Чунон ки девон
тахти у бардошта мебурданд ва
парандагон бар сараш сояги
мегарданд. Чандин хазор хазина аз
зар дошт.
Рузе Сулаймон бар Худованд гуфт:
Худое маро орзуст ки хама
бандагони ту чи одамиву чи инсу
чинсу деву пари ва хама чонварони
офаридаи Ту мехмон кунам яьне як
руз ман онхоро рузи дихам.
Нидо омад ки эй Сулаймон
рузидихандаи хамаи махлукот
манам, ту наметавони хама махлукот
рузи дихи.
Сулаймон (а) гуфт Худовандо маро
неьмати бисер додаи ин хам аз ту
бошад. Пас ичозат гирифт, чои
мехмонон сахрое буд ки назди дарее
буд ва ин сахро бехад калон буд.
Фармуд хашт мох девон он сахроро руфтанд.
Девонро фармуд то хафсад
хазор дег гузоштанд, ки хар дег
хафтод газ (метр) баланди ва хафтод
газ пахни доштанд. Дар он сахро
дастархон партофта хурокхои
гуногун аз хама нуклу наво оварданд. Он кадар хурокхои
гуногуну бисер буд ки дастархон
пур шуда чои гузоштан набуд. Хама
махлукоти олам ончи ки Худованд
чон дода буд аз одамиву чину пари
ва хайвоноту парандагон хама даьват шуда буданд. Ва бод яьне
шамол хурокхои гарм мекашонд ба
дастархонхо.
Ногох мохие аз даре омад гуФт эй
Сулаймон (а) маро нидо омадааст , ки
ту имруз маро мехмондори мекуни. Бинобар ин омадам гуруснаам биёр
чизе бихурам. Сулаймон (а) гуфт каме сабр кун то
хама мехмонон чамь оянд, он вакт
чизе бихохи бихури. Мохи гуфт токат надорам, ки хама
махлукот чамь шаванд.
Сулаймон (а) гуФт агар сабр
намекуни бирав ва чизе мехохи
бихур. Он мохи омад дар он сахро
ончи дар дастархонхо буд ва дар
дегу косахо буд хамаро хурд. Чизе
намонд барои мехмонон. Пас фарёд кард эй Сулаймон (а) маро хурок дех
ки гуруснаам. Суламон (а) хайрон шуд гуфт ё мохи
ман ин кадар хурок барои хама
халоик пухта будам ту хамаро
хурдиву боз мегуи гуруснаам?
Мохи гуфт ман хар руз бояд се лукма
мехурдам ва ончи хурдам факат як
лукмаи ман буд. Акнун чунин боз ду
лукмаи дигар биер. Агар хурок
додаву сер карда наметавони пас
чаро хамаро ба мехмони даьват мекуни.
Сулаймон (а) чун ин сухан шунид аз
хуш рафт. Об бар руяш заданд,
бахуш омад. Сар дар хок ба сачда
нихода гуфт Е Раб, товба кардам ки
рузи дихандаи ман ва хама махлукот
туй ва ман дарвешаму, мискинам ва тавонгару тавоно туи. Он руз тамоми махлукоти олам
гурусна монданд.
Ин аст бандай нотавон ва кудрати
Парвардигор
**********
З А Н
Зан агар бесатр бошад лукмаи шайтон шавад,
Сайди муфти фосикони дур аз имон шавад.
Дину маърифату илмаш кадри зан афзун кунад
Гафлаташ як офатест з-ин кадри вай поён шавад
****
(clover)(clover)(clover) Эй дӯст бишав тоза, моҳи Рамазон омад,
Сар кун розу ниёза, моҳи Рамазон омад.
Бояд, ки дуо гуӣ, ҳам зикри Худо гуӣ,
Бо тоату бо руза, моҳи Рамазон омад…

Панде барои пандгиранда.

dilovar19812017-05-17 09:52:54

0 отметок(а) <<Нравится>>

САЛМОНИ ФОРС (Р) РИВОЯТ МЕКУНАД КИ, рузе Ҳазрати Фотима (р.)
назди Расули Худо (с.а.в.)
гирякунон омаданд, ки рангашон
тағир ёфта зард гашта буд.
Расулуллох (с.а.в.) пурсиданд, ки
эй духтари ман, чи ҳолат туро
воқеъ шуд?
Ҳазрати Фотима (р.) гуфтанд:
"Ё Расули Худо (с.а.в.) ҳамроҳи
Муртазо Али (р.) мазоҳ
мекардам, аз суханони ман, Али
(р.) дар ғазаб шуда, хостанд аз
хона бароянд, ман аз он сухан
пушаймон гашта махзун гардида
гуфтам:
"Эй ҳабиби ман, дар вақти мазох
надониста шуморо дар ғазаб
овардам аз он пушаймон шудам, аз
ман рози бошед, гуфта ҳафт
маротиба аз сари эшон гаштам. Аз
ман рози шуда ба руи ман
хандиданд, бо вуҷуди рози шудани
он кас, аз Аллоҳ тарсида назди
шумо омадам"
Расули Худо (с.а.в.) гуфтанд:
"Эй духтари ман, савганд ба зоти
Илоҳи, ки ба рости маро ба халқ
фиристодааст, агар ҳар оина қабл
аз рози шудани шавҳарат вафот
мекарди, ҷанозаи туро
намехондам.
Эй духтари ман, бидон, ки ҳар зане,
ки шавҳар аз у рози бошад, Аллоҳ
Таъоло аз он зан рози бошад ва
ҳар зане, ки шавҳар аз он рози
нест, Аллоҳ Таъоло низ аз он зан
рози нест.
Эй духтари ман, ҳар зане агар
мисли ибодати Марям бинти Имрон
ибодат дошта бошад, агар шавҳар
аз у норози бошад, он ҳама ибодати
уро Аллоҳ Таъоло қабул накунад.
Эй духтари ман, ҳар зане, ки як
соат ҳамроҳи шавҳари худ ба вақти
хуш ва бо сухани хуш шавҳари
худро хушҳол кунад ё фарзандони
худро хушвақт гардонад, Аллоҳ
Таъоло ба он зан Ҷаннат воҷиб
гардонад
***
- ( Ёде зи қиёмат) -
Эй дӯст биё тоати Аллоҳи Самад кун,
Ёде зи Қиёмат кун,
Бархез саҳар саҷда ба даргоҳи Аҳад кун,
Ёде зи Қиёмат кун.
Сад шукр, ки даргоҳи Худованд васеъ аст,
Шукронаи неъмат кун,
Биштоб ба сӯи Ҳақу чанголе ба фурсат кун,
Ёде зи Қиёмат кун.
Умре,ки ту дорӣ бигузашт дар пайи исён,
Афсӯсу надомат кун,
Баргард зи роҳи каҷу роҳе ба саодат кун,
Ёде зи Қиёмат кун.
Пайрав ба суханҳои Муҳаммад (с) шаву Қуръон,
По бастаи Суннат кун,
Рӯ сӯи Расули Ҳақу шоёни шафоат кун,
Ёде зи Қиёмат кун.
Сахт аст азоби Сақару рӯзи ҳисобот,
Аз сидқ ибодат кун,
То ёбӣ наҷот тавбае бар сӯи Аҳад кун,
Ёде зи Қиёмат кун.
Ғофил манишин дар талаби илму амал кӯш,
Рӯ ҷониби Ҷаннат кун,
Андеша зи умри гузару ин дами қиммат кун,
Ёде зи Қиёмат кун.
Бо ашки пур аз сӯз Муродӣ зи Худованд,
Пурсони шафоат кун,
Авфи гунаҳу мағфират аз соҳиби Қудрат кун,
Ёде зи Қиёмат кун.

****************
✅ Панде барои пандгиранда.
╰─┅─═ঊঈ

Яндекс.Метрика